Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон бо Отамбоев шурӯъ шуд


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Алмосбек Отамбоев, ҳамтои қирғизи ӯ дар шаҳри Бишкек оғоз шуд. Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, баъди пазироии расмии Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳарду раҳбар барои гуфтӯгу ба қароргоҳи «Ала Арча» дар Бишкек рафтаанд. Баъди ин мулоқот, қарор аст, ҳайъатҳои васеъи ду тараф сари масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бахусус масъалаи хотима додан ба таъйин ва аломатгузории марзи миёни ду кишвар сӯҳбат кунанд. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон чанде пеш ба хабарнигорон гуфт, ки интизор дорад, ки пас аз сафари Раҳмон, муносиботи дуҷониба рӯҳи тоза гирифта ба марҳилаи нав ворид шавад. Тоҷикистону Қирғизистон марзи 970 километрӣ доранд ва ҳарду мехоҳанд, қаламравҳои баҳсбарангез бар асоси нақшаҳои дилхоҳи онҳо тақсим шавад. Беш аз 60 дар сади хати марз муайян шуда, вале аломатгузорӣ нашудааст. Табодули мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон чандон бузург нест ва соли 2012 танҳо 43 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон аз Қирғизистон нерӯи барқ, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ, либосу маводи ғизоӣ мехарад ва ба он кишвар алюминий мефурӯшад.
XS
SM
MD
LG