Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти ду пешвои мусулмонони Новосибирск


Ду пешвои мусулмонони шаҳри Новосибирски Русия бо ҷурми тарғиби ақидаҳои экстремистӣ шартан аз озодӣ маҳрум шуданд.

Рӯзи душанбе додгоҳи Новосибирск устоди донишгоҳ Илҳом Меъроҷов ва имом-хатиб Комил Одиловро шартан ба муддати як солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Моҳи феврал мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ин ду нафарро бо тарғиби ақидаҳои рӯҳони турк Саид Нурсӣ, ки дар Русия манъ шудаанд, муттаҳам карда буд.

Меъроҷов ва Одилов худро бегуноҳ мешуморанд ва иброз доштаанд, ки бознигарии ҳукмро талаб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG