Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинии Равшан Собиров дар боздоштгоҳи КГБ


Равшан Собиров дар боздошт (Акс аз бойгонӣ)

Равшан Собиров дар боздошт (Акс аз бойгонӣ)

Равшан Собиров, вазири собиқи рушди иҷтимоии Қирғизистон 5 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хонда, ба нишони эътироз гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Равшан Собиров, нахустин тоҷике ки дар Қирғизистон ба мақоми вазорат расида буд, дар моҳи март аз сӯи додгоҳи Бишкек бо ҷурми ришваситонӣ ба 5 соли зиндон бо мусодираи молумулк маҳкум шуд. Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 23 май ин ҳукмро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Равшан Собиров дар як муроҷиатномае, ки аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон фиристодааст, ба бегуноҳии худ исрор варзида, ҳукми зиндонашро аломати фасод дар ниҳодҳои додгоҳии Қирғизистон номидааст.

Дар ин муроҷиатнома, ки Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз Равшан Собиров рӯзи 27 май нашр карда, аз ҷумла омадааст: “Ман ба ин мутмаинам, чунки ҳамаи онҳое ки рӯзи 23 май дар мурофиа ҳузур доштанд, бо як овоз таъкид мекунанд, ки дар ҷараёни мурофиа ба телефони мобили додрасҳои Додгоҳи олӣ як “занг” омад ва баъди ин онҳо бошитоб ба хонаи машваратӣ рафта, дар зарфи 10 дақиқа ҳукми худро бароварданд! Яъне ислоҳоти низоми додгоҳӣ, ки дар кишвар амалӣ мешавад, мазҳакаи навбатист ва ба ном “мубориза бо фасод” танҳо “шикори афроди номақбул” шудааст.”

Равшан Собиров дар ин паём аз раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев хостааст, ҳамчун кафили Қонуни асосӣ парвандаи ӯро зери назорати хеш бигирад ва барои таҳқиқаш як куммиссиюни мустақил таъсис диҳад.

Ба дунболи эълони ҳукми Додгоҳи олии Қирғизистон дар таърихи 23 май, вакили мудофеъи Собиров – Икромиддин Ҳаитқулов гуфта буд, ки ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ шикоят хоҳад бурд. Икромиддин Ҳаитқулов гуфт, мақомоти интизомӣ барои ҳарчӣ зудтар гузориш додан ба президент Алмосбек Отамбоев дар бораи комёбиҳои худ дар мубориза бо фасод чунин парвандаҳоро бошитоб равонаи додгоҳ мекунанд. “Ин натанҳо ба қазияи Собиров, балки ба қазияҳои дигари пурсарусадо низ дахл дорад,”- афзуда буд вакили Собиров.

Додгоҳи Бишкек дар моҳи март Равшан Собировро бо ҷурми фасод ба панҷ соли зиндон бо мусодираи молумулк маҳкум кард. Муовини собиқи ӯ Тоҳир Мирзоаҳмадов низ ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додгоҳ гуфт, ин ду нафар ҳаноми ифои вазифа дар мақомҳои баланди давлатӣ дар ивази ришва барои фарзандхонии кӯдакони қирғиз аз тарафи хориҷиён кумак расондаанд. Собиров аз моҳи декабри соли 2011-ум то замони ҳабсаш дар моҳи июли соли 2012-ум вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон буд.

Ҳомии ҳуқуқ Токтойим Умедалиева қазияи Равшан Собировро сиёсӣ ва ҳукми ӯро ғайриқонунӣ ва фармоиши ҳизби Ота-Макон номид. Хонум Умедалиев мехост ба ҳайси вакили ҷамъиятӣ дар мурофиа аз Равшан Собиров ҳимоят кунад, вале Додгоҳи олӣ ин иҷозатро барояш надод.

Моҷарои порагирии вазири собиқ аз рӯи шикояти як созмони байналмилалӣ оид ба фарзандхонӣ сар зада буд. Коршиносон мегӯянд, ин соҳа солиён аз ношаффофтарин бахшҳои кори вазорати рушди иҷтимоии Қирғизистон буд, ки аз муддатҳо пеш дар он як системаи пинҳонии фурӯши атфоли ятим ба хориҷиҳо бунёд шудааст. Собиров қурбони ҳамин система шудааст, мегӯянд коршиносони қирғиз.


4 апрели соли 2012 кормандони Хадамоти зидди фасоди Қирғизистон ҳангоми гирифтани ришва як ёвари Собировро боздошт карданд ва вай гуфт, ки ин корро бо амри вазир иҷро мекард. Шоми ҳамон рӯз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон манзили Равшан Собировро кофтукоб карданд. Собировро рӯзи 5 июл баъди бозпурсӣ дар кумитаи амният бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт карданд. 25 июл додгоҳи Бишкек Собировро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ гузаронид.

Равшан(Равшанбек) Собиров ягона вазири тоҷик дар ҳукумати кунунии Қирғизистон буд ва моҳи декабри соли 2011 аз ҷониби порламон ва ҳизби ҳокими Ота-Макон ба мақоми вазири рушди иҷтимоӣ пешбарӣ шуда буд. Вай ҳамзамон раҳбарии созмони фарҳангии тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ”-ро ба ӯҳда дорад. Равшан Собиров дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ баъди раҳо шуданаш аз мурофиаи додгоҳии 21 ноябр гуфта буд, ки бегуноҳ аст. “Ин парвандаро барои ман сохта буданд. Ягон шоҳиде наёфтанд, ки шаҳодат диҳад. Гузашта аз ин, ёвари ман дар чаҳор бозпурсӣ дар ҷараёни мурофиа гуфт, ки ба сари вай халта кашида, зери фишор аз вай эътироф ситонидаанд. Ба вай гуфтаанд, ки ба онҳо “моҳии бузург” даркор аст ва шояд ҳамин “моҳии бузург”-ро дар симои ман медиданд. Ҳамаи шоҳидон ба фоидаи ман шаҳодат доданд ва додгоҳ маро сафед кард”, - гуфта буд ӯ дар ин сӯҳбат.

Додгоҳ дар воқеъ дар моҳи ноябри соли 2012 Собировро бегуноҳ бароварда, муовини собиқи ӯ Тоҳир Мирзоаҳмадовро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Вале додситонии кулли Қирғизистон ба ин ҳукм эътироз овард ва муҳокимаи дувуми парвандаи фасод алайҳи нахустин вазири тоҷик дар таърихи Қирғизистон моҳи марти соли равон дар додгоҳи Бишкек бо 5 сол ҳукми зиндон анҷомид. Ҳукме, ки рӯзи 23 май Додгоҳи олии Қирғизистон бетағйир боқиаш гузошт ва ҳоло Равшан Собиров ба нишони эътироз ба ин ҳукм дар боздоштгоҳ гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG