Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Вилоятӣ: "Ба нафъи касе канорагирӣ намекунам"


Алӣ Акбар Вилоятӣ
Алӣ Акбар Вилоятӣ

Алиакбар Вилоятӣ, номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон гуфтааст, тасмим надорад ба нафъи касе аз корзори интихоботӣ канорагирӣ кунад.

Алиакбар Вилоятӣ, номзади интихоботи ёздаҳумин давраи раёсати ҷумҳури Эрон дар барномаи гуфтугӯи вижаи хабарӣ аз шабакаи дуввуми телевизиони давлатии Эрон гуфтааст: «Тасмим надорам ба нафъи касе ақибнишинӣ кунам ва то охир дар саҳна хоҳам монд.»

Алиакбар Вилоятӣ дар интихоботи соли 2005 ба нафъи Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз нуҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ канорагирӣ карда буд.

Оқои Вилоятӣ дар мавриди барномаҳои худ низ гуфтааст: «Давраи раёсати ҷумҳури 4 сол аст, ки тақрибан 1400 рӯз аст. Тасмим дорам ҳар 100 рӯз якбор гузорише аз амалкарди давлат ба мардум пешниҳод кунам. 100 рӯзи аввал бисёр таъйинкунанда аст. Мардум дучори мушкилоти шадиди зиндагӣ ҳастанд ва наметавон ба мардум гуфт сабр кунед, зеро мардум интизороти ҳалли мушкилоти эҷодшударо доранд.»

Ба гузориши хабаргузории «Меҳр», Алиакбар Вилоятӣ гуфтааст, ки агар раиси ҷумҳур шавад, як робитаи дуруст байни давлат ва парлумонро шакл медиҳад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи 14-уми июн баргузор мешавад ва Алиакбар Вилоятӣ, Саид Ҷалилӣ, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Мӯҳсин Ризоӣ, Ҳасан Рӯҳонӣ, Муҳаммадризо Ориф, Муҳаммад Ғаразӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф дар миёни номзадҳои таъйиди салоҳиятшуда мебошанд.

Шӯрои Нигаҳбони Эрон номи ҳашт нафар аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро эълом кард, аммо номи Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ дар миёни онҳо нест.
XS
SM
MD
LG