Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович ва Путин дар Сочӣ ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд


Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина барои мулоқоти ғайрирасмӣ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия вориди шаҳри Сочӣ шудааст. Онҳо равобити дуҷонибаро дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои муштаракулманофеъ баррасӣ мекунанд.

Янукович аз омодагиҳои Сочӣ ба бозиҳои олимпии зимистонии соли 2014 ситоиш кард ва Путин дар посух гуфт, ки тақрибан ҳар рӯз бо чигунагии корҳо дар ин иншооти олимпӣ машғул мешавад.

Интизор меравад, ки Путин ва Янукович 28-29 май дар Остона дар мулоқоти раҳбарони гурӯҳи иқтисодии АвруОсиё ширкат ҷӯянд. Украина мехоҳад дар ин мулоқот мақоми кишвари нозир дар Иттиҳоди Гумрукиро ба даст орад. Ҳоло Русияву Беларус ва Қазоқистон узви ин иттиҳод мебошанд.
XS
SM
MD
LG