Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ дар конфронси Женева усулан ширкат мекунад


Димишқ усулан розӣ шудааст, ки дар конфронси пешниҳодшудаи байналмиллалӣ дар Женева ширкат ҷӯяд. Интизор меравад, ки дар ин конфронс, ки баргузории он моҳи оянда дар назар гирифта шудааст, роҳҳои қатъи ҷанг дар Сурия баррасӣ шавад.

Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷаи Сурия рӯзи якшанбе дар ҷараёни мулоқот бо вазири корҳои хориҷаи Ироқ дар Бағдод изҳорот пахш кард. Муаллим гуфт, ин конфронс “имкони хубе барои ҳали муноқишаи Сурия аст”.

Валид Муаллим ба таври ғайримунтазира аз Бағдод боздид кард ва интизор меравад, ки бо Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Ироқ ба таври ошкоро аз режими Башор Асад дар Сурия ҳимоят намекунад, вале ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ Ироқро муттаҳам мекунанд, ки размандагони эрониро дар қаламрави худ роҳ додааст ва онро нодида мегирад. Ин размандагон бо истифода аз қаламрави Ироқ нируҳои Башор Асадро бо лавозимоти низомӣ таъмин мекунанд.
XS
SM
MD
LG