Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи давлатии танзими оила, ки 11 сол пеш қабул шудааст, ба вазъи демографии Тоҷикистон таъсир кард, аммо ба назари коршиносон, фурсати бозбиниаш фаро расидааст.

Пизишки саршинос ва яке аз муаллифони ин барнома Шамсиддин Қурбонов мегӯяд, коҳиши таваллуд аз натиҷаҳои асосии танзими оила аст: «Агар солҳои Шӯравӣ сари ҳазор нафар 40 таваллуд рост меомад, дар солҳои 2000-ум ин нишондод баробар ба 36 ё 38 таваллуди кӯдак расид. Дар солҳои 2012 бошад нишондод ба 26-27 таваллуд сари ҳазор нафар баробар шудааст.»

Ба ақидаи коршиносон, ин тамоюл идома хоҳад кард, то фишори демографиро дар кишвар коҳиш диҳад. Аммо ҷаноби Қурбонов бар ин аст, ки Барномаи давлатии танзими оила ва солимии репродуктивӣ дар Тоҷикистон бояд бознигарӣ шавад, зеро дар ин муддат баъзе мушкилоте зуҳур кард, ки ҳангоми қабули қонун ба эътибор гирифта нашудаанд. Махсусан дастрасӣ ба кумак ва таъмини ҳуқуқи ҷавонон дар мавриди солимии репродуктивӣ, ҳамли сунъӣ, исқоти ҳамл, нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои тухмӣ, модаршавии суррогатӣ ва ҳуқуқи покии генетикӣ.

Барномаи давлатии танзими оила соли 2002 қабул гардида, аз 24 модда иборат аст ва масоиле, чун ҳуқуқи модар, ҳомиладорӣ, таваллуди фарзанд, истифода аз маводҳои контрасептивӣ, шумораи фарзандон, исқоти ҳамл дар мӯҳлат ва ҳолатҳои гуногун, истифода аз маводи репродуктологӣ барои таваллуди фарзандро дар бар мегирад.

Ҳарчанд дар ин барнома бештар ба хадамоти тиббӣ ва солимии оила таъкид мешавад, он дар ягон муассисаи тиббӣ ба сурати комил амалӣ нагаштааст.

Марями Нозим, як сокини Душанбе мегӯяд, машваратҳои тиббӣ махсусан барои занҳои ҳомила тибқи қонуни мазкур бояд ройгон бошад. Ё барои ҳамли бармаҳал бояд маводи репродуктивӣ барои шаҳрвандон бепул дода шавад, ки ин гуна нест. Дар муассисаҳои тиббӣ танҳо барои ҳисобот навишта шудааст, ки ҳамаи мавод барои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ройгон аст. «Барои қатъ кардани ҳамли номатлуб дар зинаи аввал аз сад то саду панҷоҳ сомонӣ маблағ супоридан лозим аст, барои қатъ кардани ҳамл дар зинаҳои дертар аз дусад то сесад сомонӣ,»- мегӯяд Марями Нозим.

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, оморе низ вуҷуд надорад, ки иҷрои қонуни 11 сол пеш тасвибшударо нишон диҳад. Дар Тоҷикистон солҳост, қонунҳои зиёде қабул мешаванд, аммо кам иттифоқ меафтад, ки ҷараёни иҷрои онҳо дар порлумон, дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, ҳукумат ё ҷомеаи маданӣ баррасӣ гардад.

Ҳамоҳангсози барномаҳои Алянси танзими оила дар Тоҷикистон Салоҳиддин Соҳибов мегӯяд, ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки кадом паҳлуҳои қонуни мазкур пурра амалӣ шуда ва кадом нукоти он дар ҳаво муаллақ мондаанд. Кори асосии ин ниҳод омӯзонидани шаҳрвандон, махсусан занҳо, дар амри солим нигоҳ доштани оила аст. Оқои Соҳибов мегӯяд: «Ҳамасола барои пешгирии ҳамли номатлуб чорабиниҳо мегузаронем. Соли гузашта дар ноҳияҳои Тавилдара, Масчоҳи кӯҳӣ ва шаҳри Хуҷанд аксия гузаронидем, ки дар он беш аз 800 зан ширкат кард.»

Барномаи давлатии танзими оила ва солимии репродуктивӣ дар айёме ба тасвиб расида буд, ки таваллуди кӯдак дар кишвар зиёд буд ва суръати афзоиши табиии аҳолӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 дарсадро ташкил медод. Занон ба иллати таваллуди паёпай ва бефосила саломатии худро аз даст медоданд ва кӯдакони носолим ба дунё меомад. Ҳамчунин аҳолӣ ба роҳҳои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб шиносоӣ надошт ва масъалаи аборт аз лиҳози ҳуқуқӣ танзим нашуда буд.

Бо ин ҳама, моҳе пеш расман эълон шуд, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон аз марзи 8 миллион гузаштааст. 20 сол пеш, вақте Шӯравӣ аз байн рафт, ҷамъияти Тоҷикистон ҳудуди 6 миллион нафарро ташкил медод.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG