Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарон дар мулоқотҳои Бишкек вазъи минтақаро баррасӣ мекунанд


Рӯзи душанбе, 27 май дар Бишкек мулоқоти ғайрирасмии дурӯзаи раҳбарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё ба кор оғоз мекунад.

Юрий Ушаков-ёвари раиси ҷумҳури Русия ба матбуот гуфтааст, интизор меравад, ки дар ҷараёни ин мулоқот Владимир Путин бо Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таври алоҳида дидор ва гуфтугӯ кунад. Путин дар рӯзи ахири мулоқот, яъне рӯзи сешанбе ба Бишкек меравад ва аз он ҷо сафарашро ба Остона идома медиҳад.

Ушаков гуфтааст, дар мулоқотҳои Бишкек масъалаҳои таъмини амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, таҳкими марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, тундгароӣ ва такмили омодагии нируҳои муштарак баррасӣ хоҳанд шуд.

Рӯзҳои 27-28 май Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқотҳои Бишкек ширкат хоҳад кард. Интизор меравад, ки вай бо Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон мулоқот ва масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои марзиро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG