Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Порис ба як сарбози фаронсавӣ бо корд ҳамла карданд


Мақомоти Фаронса гуфтаанд, ҳанӯз зуд аст, то бигӯянд, ки ҳодисаи сарбози кордхӯрдаи фаронсавӣ бо куштори сарбози Бритонёвӣ дар Лондон ба дасти тундравҳои эҳтимолии исломӣ иртибот дорад ё хайр.

Рӯзи шанбе сарбози фаронсавӣ дар либоси низомӣ ҳангоми гашт барои таъмини амнияти зиддитеррористӣ дар маҳалле бо номи Ла Дефенс дар Порис аз тарафи шахси номаълум ба гулӯяш кор хӯрд.

Мақомот мегӯянд, ки эҳтимоли зинда мондани ин сарбози 23 солаи фаронсавӣ вуҷуд дорад. Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, ки ҳуввияти ҳамлакунанда ошкор нашудааст ва вай аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Вай ҳушдор дод, ки дар бораи натиҷагирӣ аз ин ҳамла ба саросемагӣ роҳ дода нашавад.

Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар Лондон дар чунин ҳамла як сарбози бритонёӣ кушта шуд. Тундравҳои исломӣ гумонбари ин ҳамла дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG