Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба минтақаи зери контроли Ҳизбуллоҳ дар Бейрут 2 мушак афтод


Бино ба гузоришҳои расида аз Бейрут, ду мушак ба минтақаи зери назорати нируҳои Ҳизбуллоҳ дар ин шаҳр афтодааст ва 4 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ин ҳамла рӯзи якшанбе дар ноҳияи Мар Михаел сурат гирифтааст ва маълум нашудааст, ки онро кадом нируҳо анҷом додаанд. Ҳамла як рӯз баъд аз эълони Ҳасан Насруллоҳ - раҳбари Ҳизбуллоҳ иттифоқ афтод.

Ҳизбуллоҳ, ки як гурӯҳи шиаи тундрав аст ва аз он Эрон ҳимоят мекунад, як рӯз пеш эъломияе пахш кард ва гуфт, ки дар муноқишаи Сурияи ҳамсоя ба ҷонибдорӣ аз режими Башор Асад мубориза мекунад.
XS
SM
MD
LG