Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии мизбонон дар се бозии даври 8-уми лигаи олии Тоҷикистон


Лаҳзае аз бозии "Истиқлол" бо ССКА "Помир"

Лаҳзае аз бозии "Истиқлол" бо ССКА "Помир"

Се бозии даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе, 25-уми май бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 3-0 ғалаба кард. Голҳоро Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол”ва беҳтарин голзани мусобиқа, дар дақиқаи 21-ум, Умедҷон Шарифов дар дақиқаи 48-ум ва Виллер Оливейра, легионери бразилии “Истиқлол”, дар дақиқаи 53-юм ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе аз тими мизбон - “Энергетик” бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Тӯбро дар дақиқаи 28-ум Одил Бобоназаров, бозигари “Регар-ТадАЗ”, ба дарвозаи дастааш зад.

Дар бозии дигари даври ҳаштум дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа дастаи мизбон - “Вахш” бар тими “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Голи ягонаро Бахтиёр Қаландаров дар дақиқаи 43-юм ба самар расонд.

Дар бозии охирини даври 8-ум рӯзи якшанбе, 26-уми май дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бо тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров қувваозмоӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ҳамаи 7 бозиаш пирӯз шудааст, бо 21 имтиёз пешсаф мебошад. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 18 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Муддаии дигари унвони қаҳрамони Тоҷикистон - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 13 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Бозиҳои даври 8-ум
25-уми май, шанбе.
«ВАХШ» - «ИСТАРАВШАН» - 1-0. Гол: Бахтиёр Қаландаров, 43.
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 1-0. Голро Одил Бобоназаров ба дарвозаи дастааш зад.
Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

«ИСТИҚЛОЛ» - ССКА «ПОМИР» - 3:0. Голҳо: Дилшод Восиев, 21 (1:0), Умедҷон Шарифов, 48 (2:0), Виллер Оливейра, 53 (3:0).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

26-уми май, якшанбе. Оғози бозӣсоати 17.00

«ХАЙР» - «ПАРВОЗ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа (қабл аз лағви натоиҷи тамоми бозиҳои анҷомшуда бо "Панҷшер")

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 7 7 0 0 23-4 21
2. «Равшан» (Кӯлоб) 6 6 0 0 12-2 18
3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 4 1 2 11-8 13
4. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 3 1 3 5-8 10
5. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 6 2 2 2 5-4 8
6. «Хайр» (Ваҳдат) 6 2 2 2 6-6 8
7. «Энергетик» (Душанбе) 7 2 2 3 5-7 8
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 2 2 4 4-8 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 7 1 3 3 4-6 6
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 7 0 2 5 3-11 2
11. «Панҷшер» (Румӣ) 6 0 1 5 5-19 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 8 тӯб, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Юҷин Сепуйя («Истиқлол»), Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3-тӯбӣ.

Бозиҳои навбатӣ:


29-уми май, чоршанбе
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Истиқлол» - «Хуҷанд» - бозии даври 9-ум. Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.

“Регар-ТадАЗ” – “Равшан” – бозии даври 3-юм. Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG