Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани маргталаб худро дар Махачқалъа дар дохили мошин тарконд


Маҳали инфиҷор дар назди бинои вазорати дохилаи Доғистон
Маҳали инфиҷор дар назди бинои вазорати дохилаи Доғистон
Дар ҷумҳурии Доғистон дастикам 11 нафар дар ҳодисае маҷруҳ шудаанд. Зане талош кардааст, ки худро тарконад. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин зан худро рӯзи шанбе дар Махачқалъа дар дохили мошине дар назди бинои вазорати корҳои дохила таркондааст.

Кормандони кумитаи расидагӣ мегӯянд, як зани ношинос ба пулиси роҳ наздик шудааст ва мошини худро таркондааст. 5 корманди пулис ва 5 роҳгузар дар ин ҳодиса осеб дидаанд. Ду нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки рӯзи душанбе дар ду инфиҷори мошини бамгузоришуда дар Махачқалъа 4 нафар кушта, бештар аз 40 нафар ҷароҳат бардошта буданд.
XS
SM
MD
LG