Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони Фархор ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ ба додхоҳӣ омаданд


Рӯзи шанбе 16 нафар занони сокини ноҳияи Фархор барои додхоҳӣ ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ омаданд, аммо ҳеҷ кас онҳоро қабул накард.

Маҳингул Шарифова яке аз онҳо ба радиои «Озодӣ» гуфт, соати 9-и субҳ ба назди Қасри раёсати ҷумҳурӣ омадаанд, вале кормандони қабулгоҳ ба онҳо гуфтаанд, ки Бахтиёр Худоёров-раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ онҳоро 3-юми июн ва Муродалӣ Алимардон- муовини нахуствазир 5-уми июн онҳоро қабул мекунанд.

Ба қавли Шарифова, онҳо баробари хориҷ шудан аз қабулгоҳ таҳти назорати милисаҳо ва маъмурини мулкипӯш қарор гирифтаанд ва се нафари онҳо, аз ҷумла Сафар Ёқубов ва Моҳлиқо Каримоваро ба милисахонаи назди қаср бурданд.

Онҳо шикоят доранд, ки ҳуҷҷатҳои заминҳои онҳо қалбакист ва як гурӯҳ онҳоро фирефта, заминҳоро ғайриқонунӣ ба онҳо фурӯхтаанд.
XS
SM
MD
LG