Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамҷинсгароён дар Киев раҳпаймоӣ анҷом доданд


Ҳудуди 50 нафар фаъолони ҳамҷинсгароён дар шаҳри Киев-пойтахти Украина раҳпаймоӣ анҷом доданд, бо вуҷуди он ки мақомот барои баргузории раҳпаймоӣ иҷозаи расмӣ надода буданд.

Бахши украинии радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки ин раҳпаймоӣ ҳудуди як соат давом кардааст ва кормандони пулис ба шиддат бар он назорат мекардаанд. 10 нафар, ки талош доштаанд аз баргузории раҳпаймоӣ пешгирӣ ва шиорҳои ҳамҷинсгароёнро пора кунанд, боздошт шудаанд.

Ин 10 нафар дар миёни 100 нафаре будаанд, ки бар зидди ин раҳпаймоӣ ба эътироз баромада буданд.
XS
SM
MD
LG