Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистону Қазоқистон ба Қирғизистон барқ медиҳанд


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, Тоҷикистону Қазоқистон масъалаи судури барқ ба Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.

Хабаргузории KyrTAG навиштааст, Бахитжан Жаксалиев-муовини вазири саноату технологияи Қазоқистон ва Абдулло Қурбонов-муовини раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ин масъаларо дар Чолпонатаи Қирғизистон баррасӣ кардаанд.

Қурбонов ба хабаргузории KyrTAG гуфтааст, агар Қирғизистон ба нируи барқ ниёз дошта бошад, Тоҷикистон нируи изофии барқ дорад. Вай пешниҳод кардааст, ки барои таъйини нархи барқ гурӯҳҳои корӣ ташкил шаванд ва ин масъаларо ҳал кунанд.

Қурбонов ва Жаксалиев дар конфронси кишварҳои муштаракулманофеъ дар Чолпонатаи Қирғизистон ширкат карданд. Дар ин конфронс масъалаҳои марбут ба нируи барқ ва тавлиди он баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG