Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Атоев: Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube барқарор шуд


Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Дар Тоҷикистон пешниҳодкнандагони хадамоти интернетӣ дастрасӣ ба шабакаи YouTube-ро барқарор кардаанд. Дар ин бора Асомиддин Атоев-раиси Анҷумани пешниҳодкунандлагони хадамоти интернетӣ ба радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дастрасӣ ба YouTube аз субҳи рӯзи ҷумъа то тақрибан нисфирӯзии шанбе имкон надошт. Барои қатъи вуруд ба шабакаи YouTube мақомот ё пешниҳодкунандагони хадамоти интернетӣ ба корбарон қаблан шарҳу тавзеҳот надода буданд ва чунин равиш хилофи қонуни мавҷудаи Тоҷикистон аст.

Ба ҷуз аз ширкати Сатурн он Лайн дигар ҳамаи ширкатҳои интернетӣ дастрасиро қатъ карда буданд.

Оқои Атоев гуфт, ки агар дар баъзе минтақаҳо то ҳол истифода аз YouTube имконпазир набошад, мумкин аст он дар давоми рӯз барқарор шавад.

Оқои Атоев мегӯяд, то ҳол дақиқ нашудааст, ки мақомоти марбута дар ин бора дастури хаттӣ содир карданд ё шифоҳӣ, вале рӯшан аст, ки чунин кор бидуни дастур имкон надорад.
XS
SM
MD
LG