Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Уртаавули Узбакистон зилзила рух дод


Имрӯз дар қаламрави Узбакистон зизила рух дод. Бино ба маълумоти зизилашиносон, маркази ин зилзила дар шаҳраки Уртаавули Узбакистон будааст. Дар маркази зилзила шиддати он 5,5 дараҷаи ҷадвали Риштерро ташкил дордааст.

Сокинони Тоҷикистон низ ин зилзиларо эҳсос кардаанд. Бино ба хабарҳо шиддати он дар шаҳри Душанбе 2 дараҷа будааст. Торнамои Trend хабар медиҳад, ки дар шаҳри Тошканд ҳангоми зилзила китобҳо ва зарфҳо аз рафҳо афтодаанд.

Мақомоти расмии Тошканд дар бораи хисороти зилзила ва ё пайомадҳои он хабар надодаанд.
XS
SM
MD
LG