Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон автобуси кӯдакон дар роҳ ба сӯи мактаб таркид


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ҳангоми таркиши силиндри газ дар автобуси мактаб 16 шогирди мактаб ва як муаллими онҳо кушта шудаанд.

Пулис мегӯяд, ин таркиш рӯзи шанбе дар шаҳри Гуҷрат дар 200 километрии ҷануби шарқи исломобод рух додааст ва дар ин таркиш дастикам 7 кӯдаки дигар маҷруҳ шудаанд.

Ин ҳодиса дар роҳ ба сӯи мактаб рух додааст. Дар гузаштаҳо низ ҳамин гуна таркишҳо рух дода буд ва сабаби онро нуқси силиндри газ медонанд, ки ба ҷои бензин аз гази табиӣ истифода мекунанд.

Ҳоло дар Покистон миллионҳо мошин аз газ истифода мекунанд ва он нисбат ба бензин ва дизел арзонтар аст.
XS
SM
MD
LG