Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон масъулияти ҳамлаи Кобулро бар дӯш гирифтанд


Шӯришиёни Толиб рӯзи ҷумъа дар Кобул дар ба гурӯҳи байналмиллалии имдодрасон ҳамла бурданд. Ин ҳамла дар маркази Кобул ба маҳали зисти кормандони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират сурат гирифт ва чанд соат идома дошт.

Ду посбон кушта шуданд ва 13 нафар кормандони пулис ҷароҳат бардоштанд. 4 корманди Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират низ захмӣ шуданд. Яке аз онҳо хонуми итолёӣ мебошад, ки аз таркиши бами дастӣ сахт осеб дидааст.

Ҳамаи 6 нафар ҳамлакунанда кушта шудаанд. Толибон масъулияти ҳамла ба меҳмонхонаро, ки дар он кормандони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират зиндагӣ мекарданд, бар ӯҳда гирифтаанд.

Нируҳои эътилофи байналмиллалӣ ин ҳамларо маҳкум карданд ва ба нируҳои афғон барои ширкат дар ин амалиёт арзиш қоил шуданд.
XS
SM
MD
LG