Пайвандҳои дастрасӣ

Ду дастаи Олмон - «Боруссия»-и Дортмунд ва «Бавария»-и Мюнхен имшаб дар финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо бо ҳам рақобат мекунанд.

Сабқати ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо дар варзишгоҳи “Уэмблӣ”-и шаҳри Лондон, ки ғунҷоиши 90 ҳазор тамошобинро дорад, баргузор мешавад. Бозӣ соати 23:45 дақиқа ба вақти Тоҷикистон оғоз шуда ва аз тариқи бархе аз шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон низ намоиш дода мешавад.

"Боруссия" дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо 30-юми апрел аз дастаи "Реал"-и Мадриди Испания бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашт. Голҳоро Карим Бензема дар дақиқаи 83-юм ва Серхио Рамос дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонданд. Бозии аввал бо ҳисоби 4:1 ба нафъи “Боруссия” анҷом ёфта буд. Бинобар ин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Боруссия” бо ҳисоби умумии 4:3 ғолиб омада, ба финал баромад.

“Бавария”дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ 1-уми май дар меҳмонӣ бар тими “Барселона”-и Испания бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Голҳоро дар нимаи дувуми бозӣ Роббен (48), Пике (72, ба дарвозаи худ) ва Мюллер (76) заданд. Дар бозии аввал низ “Бавария” дар майдони худ бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омада буд ва ҳисоби умумӣ 7:0 ба фоидаи олмониҳо шуд.

Лигаи қаҳрамонони Аврупо яке аз муътабартарин сабқатҳо футбол дар қораи Аврупо буда, миллионҳо тан аз мухлистони футбол дар саросасари ҷаҳон онро тамошо мекунанд. Дастаи “Челсӣ”-и шаҳри Лондон соли гузашта дар бозии ниҳоӣ тими "Бавария"-ро шикаст дода ғолиби Лигаи қаҳрамонони Аврупо шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG