Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА интихоботи Эронро зери шубҳа қарор дод


 Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Дар пайи барканории дастҷамъии номзадҳои курсии раёсатҷумҳурии Эрон котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ эътибори ин интихоботро зери шубҳа қарор дод.

Рӯзи сешанбе шӯрои нигаҳбони Эрон шумораи бузурги довталабҳои курсии президентии Эрон ва аз ҷумла собиқ президенти Эрон Акбар Ҳошимии Рафсанҷониро аз интихоботи раёсатҷумҳурии 14-уми июн берун кард. Рафсанҷонӣ аз номзадҳоим уътадил ба шумор мерафт.

Умуман, Шӯрои нигаҳбон аз байни 700 номзад фақат 8 нафарро ба сабқат роҳ дод, ки асосан пайравони муҳофизакори раҳбарии рӯҳонии Эрон оятулло Алии Хоманайӣ мебошанд.

Керрӣ набудани шаффофият дар раванди интихоботи Эронро танқид намуда, афзуд, ки ба эҳтимоли зиёд номзадҳои ба ин шакл интихобшуда аз манфиати мардуми Эрон намояндагӣ нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG