Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаҳои бачагонаи футболи“Дӯстӣ” ва “Сомониён” дар Сочи


Дастаҳои бачагонаи футболи Тоҷикистон - «Дӯстӣ” ва “Сомониён” дар мусобиқаи футбол миёни тарбиягирандагони мактабҳои кӯдакона ва мактаб-интернатҳо барои Ҷоми “Оянда ба ту бастагӣ дорад”, ки рӯзи 23-юми май дар Сочи шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Ин мусобиқаи анъанавиро ширкати мобилии «Мегафон» ташкил кардааст. Ғолибони мусобиқот имкон пайдо мекунанд, ки ба Лондон сафар намуда, меҳмони бошгоҳи машҳури футболи «Арсенал»-и Инглистон шаванд.
Бар асоси қуръакашӣ дастаи “Дӯстӣ” дар байни футболбозони синнашон 12-14-сола дар гурӯҳи “Б” дар бозии аввал аз тими Абхазистон бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд ва дар даври дувум бар тими «Сосновка»-и вилояти Новгород бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Инчунин футболбозони навраси тоҷик бо дастаҳои Осетияи Шимолӣ ва Нижний Новгород рақобат мекунанд.

Дастаи бачаҳои калонсоли «Сомониён” бошад, дар гурӯҳи дувум дар як рӯз се бозӣ анҷом дод. Нахуст футболбозони навраси тоҷик бар тими «Гагаринетс» аз Канск бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. Вале дар ду бозии дигар аз тимҳои «Надежда»-и Қазон бо ҳисоби 1:2 ва «Илалте»-и Бурятия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд. Дастаи “Сомониён” бозии охиринашро дар сабқати гурӯҳӣ бо тими Абхазистон анҷом медиҳад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG