Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози қирғизҳо дар назди сафорати ИМА


Рӯзи ҷумъа дар назди сафорати ИМА дар Бишкек даҳҳо эътирозгар бо тақозои ҷуброни хасорот аз суқути ҳавопаймои амрикоӣ ҷамъ шуданд.

Ба қавли эътирозгарон, ки аслан сокинони вилояти Чуй, фаъолони ҳизби сабзи мухолифи ҳукумати Қирғизистон ва ҷунбиши мардумии ватандӯстон будаанд, макони суқути ҳавопаймои борбари ИМА дигар барои кишту кор истифода намешавад ва агар ИМА аз пардохти ҷуброн худдорӣ кунад, онҳо масъалаи бастани маркази транзитии ИМА дар фурудгоҳи Манасро дар миён хоҳанд гузошт.

Ҳавопаймои амрикоӣ бо миқдори зиёди маводи сӯхт 13-уми май дар наздикиҳои марзи миёни Қирғизистону Қазоқистон сарнагун шуда буд.
XS
SM
MD
LG