Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷиноҳи расмии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо пахши як баёния тасмими баргузории Анҷумани фавқулоддаи ҷиноҳи Мирҳусейн Назриевро нодуруст шуморид.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки интишори изҳори назари Мирҳусайн Назриев дар бораи баргузории Анҷумани фавқулоддаи сотсиалистҳо дар сомонаи радиои Озодӣ, хашми ҲСУ-ро ба бор овард.

Оқои Ғаффоров афзуд: «Имрӯз, 24-уми май намояндагони бахшҳои Ҳизби сотсиалистӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва дар Кӯлобу Рашту Душанбе бо пахши изҳороти расмӣ ин иддаои Мирҳусайн Назиревро маҳкум карда ва вуҷуди ҳамчунин ҷиноҳеро беасос ва ғайриқонунӣ донистанд.»

Абдуҳалим Ғаффоров афзуд, азбаски вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли равон номзадии худро пешбарӣ хоҳад кард, Мирҳусейн Назриев мехоҳад бо ин даъвоҳои худ ба обрӯи ӯ латма зада ва нуфузи ҳизбро камранг нишон диҳад. Ба қавли ҷаноби Ғаффоров, феълан Ҳизби сотсиалистӣ 18 ҳазору 972 узв дорад.

Мирҳусайн Назриев

Мирҳусайн Назриев

Вай гуфт, дар робита ба фаъолияти ҳизб дар назар дорад дар авоили ҳафтаи оянда бо намояндагии САҲА дар Тоҷикистон мулоқот кунад. Ин дар ҳолест, ки Мирҳусейн Назриев, раиси ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, мегӯяд, ӯву тарафдоронаш қасд доранд, тобистони ҳамин сол Анҷумани фавқулодаи ҳизбро баргузор кунанд.

Мирҳусейн Назриев ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски ҷиноҳи сабтиномшудаи ҳизб, ки ба гуфтаи ӯ, “ҳукумат таъсис додааст”, фаъолият намекунад ва тақрибан вуҷуд надорад, онҳо тасмим гирифтанд, ки анҷумани фавқулодаро охири моҳи июл ва ё аввали август баргузор карда ва ҳизби воқеъиро эҳё кунанд:

“Ҳизбро ҳукумат хост, ки ба ҳадди нестӣ барад ва он гурӯҳе, ки худи ҳукумат таъсис дод, умуман фаъолият намекунад. Барои ҳамин мо мехоҳем анҷумани фавқуллода баргузор карда, он обрӯву эътиборе, ки ҳизб пештар дошт, бахусус дар давраи Сафаралӣ Кенҷаев, ҳамон обрӯро бозгардонем.”

Тақрибан 8 соли пеш, дар ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, як ҳизби мухолифи давлат, ихтилофе сар зад, ки онро кори дасти ҳукумати Тоҷикистон медонанд. Баъди ин ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Мирҳусейн Назриев ва дувумиро Абдуҳалим Ғаффоров раҳбарӣ мекард. Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи Ғаффоровро сабти ном кард.

Мирҳусейн Назриев, ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба унвони Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал аз рӯи ҳукми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал номаи шикоятӣ фиристодаанд, вале ин ниҳод даъвои онҳоро дар мавриди поймол шудани ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании онҳо аз тарафи ҳукумат рад кардааст. Ҳизби сотсиалист солҳои 90 бо ибтикори Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои Олии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кенҷаев соли 1998 кушта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG