Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркия фурӯшу тарғиби алкоҳол маҳдуд мешавад


Ҷаласаи парламенти Туркия

Ҷаласаи парламенти Туркия

Парламенти Туркия тарғиб ва фурӯши нӯшокиҳои алкоҳолиро маҳдуд кард. Рӯзи ҷумъа қонунгузорони Туркия лоиҳаеро тасвиб карданд, ки фурӯши алкоҳолро аз соати 10-и шаб то 6-и субҳ манъ мекунад.

Ҳамчунон бар пояи ин санад боз намудани дуконҳои алкоҳолӣ дар наздикиҳои масҷидҳову мактабҳо манъ мешавад. Рекламаи шаробҳои алкоҳолӣ ҳам маҳдуд шуда, ронандагони маст мавриди муҷозоти шадидтар қарор мегиранд.

Тарафдорони ин лоиҳа, ки аз ҷониби ҳизби исломии адолат ва тараққиёти Туркия матраҳ шудааст, мегӯянд, ҳадаф аз ин ташаббус ҳимояти ҷомеа аз таъсири бади алкоҳол аст.

Аммо мухолифин мегӯянд, ҳизби ҳоким дар ин давлати дунявӣ ба тадриҷ қонунҳои исломиро ҷорӣ мекунад. Лоиҳаи мазкур баъди имзои президенти Туркия ба ҳукми иҷро медарояд.
XS
SM
MD
LG