Пайвандҳои дастрасӣ

Режими Сурия ба конфронси сулҳ ризоят додааст


Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ҳукумати зери раҳбарии президенти Сурия Башор ал-Асад усулан мувофиқат кардааст, ки дар конфронси байналмилалии сулҳи зери назари ИМА ва Русия иштирок кунад.

Рӯзи ҷумъа Александр Лукашевич-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, то ҳол замони баргузории конфронс дар шаҳри Женева маълум нест, зеро возеҳ нашудааст, ки кӣ аз номи мухолифини ҳукумати Сурия ҳарф хоҳад зад ва онҳо чӣ салоҳияте хоҳанд дошт.

Дар ин байн Эътилофи миллии Сурия дар шаҳри Истанбул имкони иштирок дар конфроси сулҳи Женеваро баҳс дорад.

Рӯзи панҷшанбе намояндаи эътилоф гуфт, иштирок дар ин конфронс дар ҳоле имкон хоҳад дошт, ки аъзои режими Башор ал-Асад ишора кунанд, ки ҳозиранд аз қудрат дур шаванд.

Дар давоми беш аз ду соли низоъ дар Сурия беш аз 80 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG