Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори қазоқ 15 рӯзро дар зиндон мегузаронад


Додгоҳи шаҳри Остона хабарнигори қазоқ Берик Жағипаровро бо ҷурми ширкат дар эътирози бидуни иҷозат ба муддати 15 рӯз аз озодӣ маҳрум кард.

Вакили Жағипаров мегӯяд, ки муҳокима шоми панҷшанбе доир шуд. Жағипаров худро бегуноҳ номидааст, зеро дар эътироз ҳамчун рӯзноманигори мустақил ҳузур доштааст ва мехостааст аз ин ҳодиса гузориш таҳия кунад.

Жағипаров ҳамроҳ бо як идда эътирозгарон рӯзи панҷшанбе дастгир шуда буд.

Сар аз рӯзи сешанбе соҳибони хонаҳои истиқоматии саросари Қазоқистон бар зидди фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва мусодираи хонаҳояшон аз тарафи бонкҳо дар назди бинои парламенти Қазоқистон гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд.
XS
SM
MD
LG