Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як шаби ноором дар канораҳои Стокҳолм


Панҷ шаб паи ҳам канораҳои шаҳри Стокҳолм ноором будаанд.

Тибқи гузоришҳои расида, гурӯҳи тахрибкор нуҳ мошин ва мактабро оташ зада, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Шаби панҷшанбе ва субҳи ҷумъа ҳам гузоришҳо дар бораи оташ задани идораи полис нашр шуд.

Полис мегӯяд, дар иртибот бо нооромиҳо камаш 8 кас ҳабс шудаанд.
Хушунатҳо дар минтақаи Ҳусбии канори пойтахти Шветсия баъди куштори як марди солхӯрдаи мусаллаҳ бо корд аз тарафи полис оғоз ёфтаанд. Баъд ҳамлаҳо дар саросари Стокҳолм тавсеа ёфтанд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, бекорӣ ва инзивои ҷавонони муҳоҷир яке аз манбаъҳои ин хушунат унвон додаанд. Дигарон фарқи бузург миёни сарватмандон ва мардуми камбағали Шветсияро мояи нооромиҳо номидаанд.

Сар аз соли 2006-ум замоне, ки ҳукумати марказу ростгаро сари қудрат омадааст, дар Шветсия барномаҳои кумаки ба табақаҳои камбизоат коҳиш ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG