Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро танзим мекунад


Раисҷумҳури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико, Барак Обама рӯзи панҷшанбе ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин, дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи террористҳои эҳтимолӣ, баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Обама зимни суханронӣ дар Донишгоҳи амнияти миллӣ дар Вашингтон, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро муассир хонд, аммо афзӯд, ки мавридҳои ҳалокати мардуми мулкӣ дар ҷараёни зарбаҳои бесарнишинҳо, ӯро ҷиддан нигарон кардаанд. Шартҳои истифодаи ҳавопамоҳои бесарнишин дар ёддоште зикр шудааст, ки Обама қабл аз сухарониаш дар Донигоҳи амнияти миллӣ имзо кард. Раисҷумуҳури Амрико ҳамчунин бори дигар хостори баста шудани зиндони Гуантанамо будани худро таъкид кард.
XS
SM
MD
LG