Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ миёни ҷавонону бузургсолон ва варзишгарони маълул баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карданд.

Мусобиқа дар чор гурӯҳ байни писарону духтарон ва мардону занон сурат гирифт. Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгарони вилояти Суғд 23 медали тилло, шаҳри Душанбе 6, вилояти Хатлон ва ВМКБ дутоӣ медали тилло ба даст оварданд.

Ғолибони мусобиқа:

Наврасон. 55 кг - Дилшод Назаров (вилояти Суғд). 60 кг - Додихудо Абдураҳмонов (ВМКБ). 70 кг - Мубин Шарифов. 80 кг - Тоҳир Тошхуҷаев (ҳарду аз вилояти Суғд).

Духтарон. 55 кг - Севара Мирзоаҳмадова. 60 кг - Умеда Тухтаева. 65 кг - Дилафрӯз Мирзоалиева. +75 кг - Зарина Олимова (ҳама аз вилояти Суғд).

Мардон. 55 кг - Мансур Маҳмудов. 60 кг - Хуршед Исматов. 65 кг - Фарҳод Комилов. 70 кг - Шероз Манносиров. 75 кг - Мурод Шамсиев. 80 кг - Диёр Ҳасанов. 85 кг - Фирдавс Муҳадёров. 90 кг - Умед Насриддинов (ҳама аз вилояти Суғд).

Занон. 50 кг - Сокина Муҳсинзода (Душанбе). 55 кг - Муҳайё Сатторова. 60 кг - Карина Оганесян. 65 кг - Нигора Гулматова (ҳарсе аз вилояти Суғд). 70 кг - Анора Умаралиева (Душанбе). 80 кг- - Муҳаббат Мамадова. +80 кг- - Фирӯза Аҳмадова (ҳарду аз вилояти Суғд).

Дар сабқати варзишгарони маълул байни ҷавонон намояндагони вилояти Суғд - Зарина Олимова (55 кг) ва Амирҷон Сатторов (50 кг), душанбегиҳо Ҳусниддин Ашӯров (60 кг) ва Миралӣ Ҳайдаров (беш аз 60 кг), дар байни бузургсолон миёни занон душанбегиҳо Раъно Кабудова (55 кг) ва Адолат Хуҷамқулова (65 кг), байни мардон намояндагони вилояти Хатлон Кенҷа Мираков (60 кг) ва Аҳмадалӣ Ҳасанов (70 кг), инчунин Фирӯз Шамсиддинов (80 кг) аз ВМКБ ва Акмал Қодиров (90 кг) аз вилояти Суғд ғолиб шуданд.

Ба иттилои Федератсияи армрестлинги Тоҷикистон дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон, бузургсолону собиқадорон ва варзишгарони маълул, ки аз 24-ум то 28-уми июн дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG