Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Amnesty Internationalё Созмони Афви Байналмиллал гузориши солонаи худро роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон ба нашр расонд. Ин созмон соли ҷорӣ дар гузориши худ бештар ба ҳуқуқи паноҳҷӯёну муҳоҷирон таваҷҷуҳ кардааст ва мегӯяд, ҳуқуқи ин қишри ҷомеа осебпазир боқӣ мондааст. Ин гузориш соли 2012-ро дар бар мегирад ва дар Лондон ба нашр расидааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар ҷаҳон 12 миллион нафар шаҳрвандии ягон кишварро надоранд ё одамони бешаҳрванд дониста мешаванд. 15 миллион нафари дигар паноҳҷӯ мебошанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки паноҳҷӯёну муҳоҷирон зуд-зуд қурбони муноқиша қарор мегиранд, онҳоро ба додгоҳҳои мекашонанд ва мунтазам ҳуқуқи онҳоро эътироф намекунанд.
XS
SM
MD
LG