Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калонсолтарин мард ба қуллаи Эверест расид


Юичиро Миура (аз рост)
Юичиро Миура (аз рост)
Як марди 80 солаи ҷопонӣ бузургсолтарин касест, ки ба баландтарин қуллаи ҷаҳон ба кӯҳи Эверест баромадааст. Ин мард бо номи Юичиро Миура рӯзи панҷшанбе ба баландии 8 848 метр расид. Вайро дар ин сафараш 3 нафар шаҳрвандони кишвараш, аз ҷумла писараш ва 6 нафари дигар аз сокинони Непал ҳамроҳӣ мекарданд.

Миура то ҳол чаҳор ҷарроҳии қалбро паси сар кардааст ва дар сӯҳбати телефонии моҳвораӣ ба аъзои хонаводаи худ гуфтааст, ки худро дар баландии тақрибан 8 848 метр хуб ҳис мекунад.

Миура бори аввал дар соли 1970 ва бори дигар дар синни 70 солагӣ ба ин қулла баромада буд.
XS
SM
MD
LG