Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин санади ҳамкории Тоҷикистон бо Кувайт


Зубайдулло Зубайдов

Зубайдулло Зубайдов

Рӯзи 23 май дар ҷараёни нахустин иҷлосияи кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар Душанбе як протоколи ҳамкорӣ имзо шудааст. Ҳайъати Кувайтро дар ин музокирот муовини сарвазираш Мустафо Шамолӣ раҳбарӣ мекард. Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ба Озодӣ гуфт, ин санад роҳро барои оғози равобити ду кишвар боз мекунад: «Миёни Тоҷиистону Кувайт тақрибан гардиши мол вуҷуд надорад, вале Кувайт ба унвони як кишвари қавии иқтисодӣ метавонад дар тарҳҳои муҳими Тоҷикистон саҳм гузорад ва дар бахши туризм бо мо ҳамкорӣ кунад.»
Қарор аст, дар миёнаи моҳи июн раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт сафари расмӣ анҷом диҳад. Зубайдов гуфт, интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар созишномаҳои байниҳукуматӣ, аз ҷумла дар бораи ҷилавгирӣ аз андозбандии такрорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳоти сармоягузорӣ,фарҳанг ва сайёҳӣ имзо шаванд. Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ба манзури тавсиаи ҳамкориҳои ду кишвар моҳи январи соли равон боз шуд.
XS
SM
MD
LG