Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама роҷеъ ба ҳавопаймоҳои бесарнишин тавзеҳот медиҳад


Қарор аст, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико роҷеъ ба барномаҳои муборизаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бо терроризм суханронӣ кунад.

Кохи Сафед баъзе аз нукоти ин суханрониро боз кардааст, вале интизор меравад, ки раиси ҷумҳур дар суханронии худ ба баъзе аз бартариҳои амнияти миллӣ таъкид кунад.
Обама дар ин бора дар донишгоҳи Дифои Милии Амрико дар Вашингтон суханронӣ мекунад.

Хабаргузории Ройтерз аз қавли як корманди Кохи Сафед, ки аз вай ном бурда нашудааст, менависад, ки раиси ҷумҳур дар бораи зарурати истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин тавзеҳоте хоҳад дод.

Истифода аз чунин бесарнишинҳо дар мубориза бар зидди террористҳо дар Покистон мавриди интиқоди фаъолони ҳуқуқ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG