Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камерон: Британия мавқеи зиддитеррористии худро ҳифз мекунад


Дэвид Камерон
Дэвид Камерон
Дэвид Камерон-нахуствазири Британия мегӯяд, кишвари вай дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ мавзеъгирии устувори худро ҳифз хоҳад кард. Вай ин суханонро баъд аз куштори ваҳшиёнаи як сарбози Британия дар Лондон изҳор дошт.

Дэвид Камерон боздиди худ аз Фаронсаро қатъ кард ва ба Лондон баргашт то тасмими ҳукуматро барои ҷавоб додан ба куштори як рӯз пеш дар пойтахти Британия ҳамоҳанг созад. Як рӯз пеш ду нафар ба як мард ҳамла бурданд ва бо шиорҳои исломгароёна дар назди хобгоҳи низомиён вайро то марг намоишкорона ва бераҳмона “қассобӣ” карданд.

Қабл аз қатъи боздид аз Фаронса Дэвид Камерон рӯзи чаҳоршанбе ин кушторро намунаи бераҳмонаи “амали террористӣ” арзёбӣ кард. Вай гуфт:

“Имшаб фикру зикри мо бо ин қурбонӣ хоҳад буд, бо хонаводаи вай ва бо дӯстони вай. Ман бовар дорам, ки мардум дар саросари Британия ба куллӣ ин ҳамларо маҳкум мекунанд”.

Навори видеоие, ки аз саҳнаи куштор бардошта шудааст, нишон медиҳад, ки баъд аз ин куштор як марди сиёҳпӯст бо дастони олудаи худ корд ва пораи хунчакони гӯштеро нигоҳ медорад.

Пулис ҳангоми боздошти ин ду мард ба сӯи онҳо тирандозӣ кард ва онҳо аз тир ҷароҳат бардоштанд. Сипас онҳоро ба зиндон интиқол доданд.
XS
SM
MD
LG