Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Петербург ихтиёриён муҳоҷирони ғайриқонуниро боздошт мекунанд


Намояндагони Маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург дар қироати аввал пешнависи қонунеро ба тасвиб расонданд. Ин қонун ба гурӯҳи ихтиёриён ё дружинникҳо иҷоза медиҳад, ки барои ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия кӯмак расонанд. Ба ихтиёриён ҳақ дода мешавад, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро боздошт кунанд.

Намояндагони Маҷлиси шаҳрӣ гуфтаанд, сабаби таҳияи қонуни мазкур ин будааст, ки дар шаҳр тақрибан 1 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд ва дар миёни онҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ зиёданд ва дар байни онҳо ҷурму ҷиноят афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG