Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Эътилофи Миллии Сурия дар Туркия шурӯъ шуд


Эътилофи мухолифони Сурия ё Эътилофи Миллӣ рӯзи панҷшанбе дар Туркия музокироти серӯзаи худро оғоз карданд. Эътилофи Миллӣ ин мавзӯъро ба баррасӣ мегирад, ки оё дар конфронсе роҷеъ ба хатми муноқишаи Сурия ширкат варзад ё хайр. Ин конфронсро Амрико ва Русия созмон додаанд.

Дар остонаи ин музокирот вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳомии шӯришиёни Сурия дар Урдун бо ҳам мулоқот карданд. Ин кишварҳо аз шӯришиён дар муборизаи онҳо бар зидди режими Башор Асад ҳимоят мекунанд.

Гурӯҳи дӯстони Сурия аз Эрон ва аз Ҳизбуллоҳи Лубнон хостанд, ки размандагони худро аз қаламрави Сурия фаро хонанд. Онҳо ҳузури размандагон дар қаламрави Сурияро хатаре ба амнияти минтақға арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG