Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз куштор дар Лондон Камерон боздидашро қатъ кард


Дэвид Камерон-нахуствазири Британия ба Лондон баргашт то посухи ҳукуматро барои ҷавоб додан ба куштори як рӯз пеш дар пойтахти Британия ҳамоҳанг созад. Як рӯз пеш ду нафар ба як мард ҳамла бурданд ва бо шиорҳои исломгароёна дар назди хобгоҳи низомиён вайро то марг намоишкорона ва бераҳмона “қассобӣ” карданд.

Қабл аз қатъи боздид аз Фаронса Дэвид Камерон рӯзи чаҳоршанбе ин кушторро намунаи бераҳмонаи “амали террористӣ” арзёбӣ кард. Вай гуфт:

“Имшаб фикру зикри мо бо ин қурбонӣ хоҳад буд, бо хонаводаи вай ва бо дӯстони вай. Ман бовар дорам, ки мардум дар саросари Британия ба куллӣ ин ҳамларо маҳкум мекунанд”.

Навори видеоие, ки аз саҳнаи куштор бардошта шудааст, нишон медиҳад, ки баъд аз ин куштор як марди сиёҳпӯст бо дасти ба хун олуда корд ва табарчаеро нигоҳ медошт.

Пулис ҳангоми боздошти ин ду мард ба сӯи онҳо тирандозӣ кард ва онҳо аз тир ҷароҳат бардоштанд. Сипас онҳоро ба зиндон интиқол доданд.
Дар бораи ҳуввияти ин ду нафар маълумоте пахш нашудааст.
XS
SM
MD
LG