Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иван Шимонович, ёвари Дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбе аз яке аз маҳбасҳои пойтахти Тоҷикистон дидан кард.

Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон берун аз барномаи сафари худ ғайримунтазира пешниҳод кардааст, ки аз маҳбасҳои Тоҷикистон дидан кунад.

Одинашоҳ Муродов, сӯхангӯи раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба «Озодӣ» гуфт, ки Иван Шимонович дирӯз пас аз мулоқот бо вазирони корҳои хориҷӣ, адлия ва дохилии Тоҷикистон, ғайримунтазира пешинҳод намудааст, ки аз яке аз маҳбасҳои Дуашнбе дидан намояд.

Ба гуфтаи Одинашоҳ Муродов: «Тақрибан соати 19:00 Иван Шимонович ҳамроҳ бо гуруҳи ҳуқуқшиносон ба маҳбаси рақами 4 воқеъ дар маҳалаи «1-ум Советский» омад ва бо шароити ин маҳбас ҳамаҷониба ошно шуд.»

Ин манбаъ меафзояд, «ёвари СММ аз утоқҳои алоҳидаи маҳбас, аз ошхона, масҷид, утоқи мулоқоти маҳбусҳо бо наздикон, аз гармхонаву ҳамаи шароити мавҷуди ин маҳбас хабар гирифт.»

Ҳамчунин Иван Шимонович бо чанд тан маҳбусҳо аз ҷумла бо Эшони Сироҷиддин, ки бо ҷурми ҳамкорӣ ба гуруҳи салафия зиндонӣ шуда буд мулоқот намуда, аҳволпурсӣ кардааст.

Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон Иван Шимонович шоми 21-уми май барои сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд ва роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳуқуқӣ ва интизомии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Боздиди ин мақоми СММ аз яке аз зиндонҳои Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки соли 2012 дар таърихи Тоҷикистон соли ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои шиканҷа буд ва ҳам соле, ки калимаи "шиканҷа" борҳо дар минбарҳои Созмони Милал, нишастҳои ҳукумати кишвар ва хабару таҳлили расонаҳои ахбори ом садо дод. Дар ин як сол масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон ду дафъа дар нишастҳои Созмони Милал баррасӣ шуд.

Тоҷикистон дар соли 1995 Эъломияи зидди шиканҷаи СММ-ро имзо кардааст, вале моҳи ноябр ҳангоми баррасии вазъи Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ таъкид шуд, ки ин ниҳоди байналмилалӣ аз гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафториву шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон, ба хусус дар боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти Миллӣ ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ҷиддан нигарон аст. Дигар мояи нигаронии амиқ ба гуфтаи Созмони Милал, он аст, ки мақомоти Тоҷикистон, даъвову шикоятҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷаро бетарафонаву зуд таҳқиқ намекунанд ва гунаҳкоронро беҷазо мегузоранд, ки ин сабаби худсарии бештар дар байни маъмурони амниятӣ мешавад.

Созмони Милал қазияи марги Усмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов, Аловуддин Давлатов, (Алии Бедакӣ), Дилшодбек Муродов, Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиевро ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи хешовандонашон, ё бар асари лату кӯби бераҳмонаи маъмурони милиса ё дар натиҷаи зарбу шатта аз тарафи зиндонбонҳо ба ҳалокат расиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG