Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷике, ки ба сафорати Бразилия санг андохт, бемори руҳӣ будааст"


Он шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба сӯи сафорати Бразилия дар Маскав санг андохт, бемори руҳӣ будааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҳодисаи санг андохтан ба сӯи сафорати Бразилия аз сӯи як шаҳрванди Тоҷикистон ҷанбаи сиёсӣ надошта ва ин ҷавон, ки аз ӯ Абдуллоҳ ном бурда мешавад, гирифтори бемории рӯҳӣ будааст.

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дирӯз мулоқоти масъулони сафорат бо хонум Назира -- модари Абдуллоҳ, ки аз ҳодисаи писараш огоҳ набуд ва дар пайи ҷустуҷӯи ӯ ба Хадамоти Консулии Сафорат муроҷиат намудааст, баргузор гардид.

Модари Абдуллоҳ хабар додааст дод, ки писараш аз қисмати шимоли Русия, ки онҷо дар Донишгоҳи федеролии Шимолу Арктикии ба номи М. Ломоносов таҳсил дошт, бинобар бад шудани вазъи саломатияш тариқи қатора ба Маскав, назди модараш ба роҳ баромада буд. Аммо ӯ тайи ин сафар борҳо дар истгоҳҳои мухталиф аз қатора поён шуда, тавассути роҳҳои дигар худро то ба Маскав расондааст. Ҳамдарсонаш низ низ гуфтаанд, ки бинобар хуруҷи нави беморӣ, Абдуллоҳ вақтҳои охир дар ҳолати нофаҳмои асабӣ қарор дошта ва пеш аз сафар ва ҳини расидан ба Маскав, ӯ ба касе занг назадааст.

Модари Абдуллоҳ тасдиқ намудааст, ки ҳанӯз 28 ноябри соли 2011 писарашро мошин зада буд ва ӯро дар ҳолати вазнин ба Бемористони вилоятии шаҳри Архангельск оварда буданд. Ташхис нишон додааст, ки Абдуллоҳ Бобозода осеби вазнини майнаи сар (ушиб головного мозга тяжелой степени с формированием множественных контузионных очагов в левом полушарии мозга), бардоштааст Ӯ ҷарроҳии вазнини сарро гузаронида, таҳти назорати табибон қарор доштааст.

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, ҳоло дар ихтиёри сафорат тамоми хуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи он, ки Абдуллоҳ Бобозода бемор аст ва ба ин иқдоми ноҷо дар ҳолати вазъи муташанниҷи саломатии руҳӣ даст задааст, қарор дорад.
Бо назардошти он, ки дар робита ба ин ходиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, Сафорат тасмим гирифтааст якчоя бо намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар ҳалли мушкили ин шаҳрванди Тоҷикистон кӯмаку мусоидат намояд.

Ба гуфтаи ин масъулини сафорати Тоҷикистон, ҳамакнун масъалаи таъмину ӯ бо вакили мудофеъ дар рафти тафтишот ва агар лозим ояд барои мурофиаи додгоҳӣ, дар ҳоли баррасӣ аст ва сафорат ҳамаи ин асноди тиббиро, ки Беморхонаи вилоятии Архангелск расман додааст, дар ихтиёри тафтишот мегузорад.

Ин дар ҳолест, ки полиси Маскав гуфта буд, шаҳрванди Тоҷикистонро соати 9:40-и субҳи 18-уми май, дар назди намояндагии дипломатии Бразилия лаҳзаҳое пас аз сангпартоӣ ба сӯи сафорат боздошт кардааст. Дар бозпурсӣ шаҳрванди Тоҷикистон иқдоми худро эътирозе аз сиёсатҳои зистмуҳитии Бразилия номида, гуфтааст, аз он норозист, ки Бразилия партовҳои ҳастаиро дар замин гӯр мекунад ва бо ин роҳ ба табиат осеб мерасонад.

Ин маълумот, ки аз тарафи Хадамоти матбуотии Раёсати умури дохилии шаҳри Маскав расонаӣ шуд, гӯё аз шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми бозпурсӣ дастрас гаштааст. Полис гуфта буд, парвандаи шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21-уми май ба додгоҳ фиристода шуд ва мурофиа рӯзи чаҳоршанбе баргузор мешавад.

Дар хабари расонаҳои ҳамагонии Русия маълумоти тазодомез ба мушоҳида мерасад. Бархе аз онҳо мегӯянд, дар натиҷаи сангандозии шаҳрванди Тоҷикистон дари сафорат осеб дидааст ва бархи дигар навиштаанд, бар асари ин "ҳамла" яке аз тирезаҳои сафорати Бразилия шикастааст. Рӯзномаи "Московский комсомолетс" менависад, полис бо даъвати намояндаи сафорати Бразилия Грисбак Де Перейра ба ҷои воқеа расидааст. Ҳангоми боздошт Абдуллоҳ Бобозода гуфтааст, на танҳо аз сиёсатҳои зистмуҳитии Бразилия, балки карнавалҳои он норозист, ки дар он занони урён рақсҳои шаҳвонӣ мекунанд.

Рӯзи сешанбе роҳбари Хадамоти консулгарии сафорат Садбарг Ғаниева бо яке аз масъулони Сафорати Бразилия дар Русия роҷеъ ба ин масъала мулоқот намуд. "Ҷонибҳо аз сар задани ин ҳодисаи нохуш изхори таассуф намуданд ва гуфтанд, ки он набояд ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар таъсир расонад. Мувофиқа шуд, ки сафоратҳои Тоҷикистону Бразилия ин масъаларо то ба охир дар якҷоягӣ баррасӣ хоҳанд кард."

Намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Муҳаммади Эгамзод, ки дар ин гуфтушунид ширкат дошт, мегӯяд, ҷониби Бразилия аз рафтори шаҳрванди Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Дар ҳоле ки қазия як суитафоҳум маънидод гаштааст, тарафҳо изҳор намудаанд, ки ду кишвари Бразилия ва Тоҷикистон ҳамеша бо ҳам равобити хуб доштанд ва фазои неки муносибатҳои тарафайнро ҳифз хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG