Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди гумрукӣ: Нодидаҳо дар армон, дидагиҳо пушаймон


Руасои кишварҳои узв ва довталаби узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ

Руасои кишварҳои узв ва довталаби узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ

Мухтор Тайжан - раиси бунёди “Болатхан Тайжан”-и Қазоқистон мегӯяд, узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди гумрукӣ сабаби боло рафтани нархҳо шудааст.

Ширкатҳо ва корхонаҳои тавдлидотии маҳаллӣ дар бозори дохилии худ наметавонанд бо ширкатҳои Русия рақобатпазир бошанд, зеро ширкатҳои Русия, ки ҳоло дар чаҳорчӯби муқаррароти Иттиҳоди гумрукӣ ба Қазоқистон сар даровардаанд, бузургтару қаввитар аз тавлидкунандагони маҳаллӣ мебошанд.


Тайжан мегӯяд: “Пайомади узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ барои истеъмолкунандагон ин аст, ки нархҳо боло рафт. Ҳамзамон пайомад барои тавлидкунандагони дохилӣ ин аст, ки дар ояндаи наздик онҳо муфлис хоҳанд шуд. Онҳо дар бозори дохилии худ наметавонанд рақобат кунанд, зеро тавлидкунандагони Русия нисбат ба қазоқҳо ба ҳисоби миёна даҳ баробар қаввитару тавонотар ҳастанд.”
Мухтор Тайжан

Мухтор Тайжан

Мухтор Тайжан даъват мекунад, ки Қазоқистон аз узвияти ин иттиҳод хориҷ шавад ва таъкид мекунад, ки чунин узвият ба манфиати сисёсӣ ва иқтисодии Қазоқистон нахоҳад буд.

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров - иқтисоддони тоҷик ба вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мухолиф нест ва бар ин ақида аст, ки ҳамкорӣ дар ҳар иттиҳод метавонад заминаи рушди иқтисоди кишварро фароҳам орад. Вале Тоҷикистон бояд то расидан ба марҳилаи узвият чанд марҳиларо тай кунад: “Мо бояд сиёсати ҳимояи истеҳсолкунандаи дохилии худро пеш гирем. Бояд нисбат ба воридоти молу колои хориҷӣ воридоти сармоя бештар бошад. Бояд кӯшиш кунем, ки ҳиссаи ширкатҳои мустақили хориҷие, ки ба Тоҷикистон меоянд ва комилан хориҷӣ мемонанд, камтар бошад. Чунин ширкатҳо бояд ба ширкати муштарак табдил дода шаванд.”

Умаров

Умаров

Оқои Умаров меафзояд, дар сурати ғайр хатари пойбандии иқтисоди Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, ба вижа ба Русия, пеш меояд ва Тоҷикистон наметавонад амнияти иқтисодии худро ҳифз кунад.

Нуктаи дигар низ бояд дар назар гирифта шавад, ки Русия нисбат ба Тоҷикистону Қирғизистон бартарии бузурги сармоягузорӣ, бартариҳои навоварӣ ва бартариҳои фановарӣ дорад. Бо назардошти ин Тоҷикистон бояд ба Русияву Қазоқистон ва Беларус возеҳ бигӯяд, ки ҳадафи даромаданаш ба ин иттиҳод барқарор кардани иқтисоди миллии худ аст. Оқои Умаров пешниҳод мекунад, ки бояд иқтисоддонони Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам биншинанд ва бо дарки ҳамаи ин омилҳо бо пешниҳоди ягона масъалаҳои узвиятро баррасӣ кунанд.

Ойэлчӣ Сарибоев - иқтисоддони қирғиз мегӯяд, дар марҳилаи кунунӣ Тоҷикистону Қирғизистон тавлидоте надоранд, ки аз он ҳимоят кунанд. Бахши хусусӣ хеле заиф аст. Аксари ширкатҳо ба воридоти колоҳои хориҷӣ ва фурӯши он машғуланд. Дар ин ду кишвар нисбат ба Қазоқистон ва Русия сатҳи зисти аҳолӣ хеле поин ва мизони бекорӣ хеле болост. Сарибоев мегӯяд: “Агар мо ба Иттиҳоди гумрукӣ дароем, дар он сурат маҷбур хоҳем буд, ки ба аксари колоҳои мавриди ниёзи мардум боҷи иловагии гумрукӣ ҷорӣ кунем. Чунин кор ба таври автоматӣ шароити зисти аҳолиро бад мекунад.”

Пас суоле пеш меояд, ки оё дар чунин ҳолат Русия барои боло бурдани сатҳи зисти мардум дар ин кишварҳо кумак хоҳад кард? Оқои Сарибоев ба кумаки Русия шак дорад ва мегӯяд, Иттиҳоди гумрукӣ танҳо хусусияти расмӣ хоҳад дошт, на бештар аз он ва ҳамин гуна узвияти Тоҷикистону Қирғизистон дар ин иттиҳод комилан ҷанбаи сиёсӣ хоҳад дошт, на иқтисодӣ.

Ташкили созмонҳои коғазии гуногун дар густураи Шӯравии пешин бо ташаббуси Русия намунаи рӯшани тасаллути Русия бар дигарон дар ин созмонҳост ва баъид нест, ки бо кашондани ин кишварҳо ба Иттиҳоди гумрукӣ Русия дунболи манфиатҳои иқтисодии худ биравад. Аз сӯи дигар, Тоҷикистону Қирғизистон бо назардошти шумори зиёди муҳоҷирони кории худ дар Русия маҷбуранд ба ин иттиҳод дароянд, то идомаи ҳузури муҳоҷирон бештар ҷанбаи сиёсӣ нагирад.

Коршиносони қирғизу қазоқ бар ин назаранд, ки Тоҷикистону Қирғизистон бояд ҳамин гуна дар минтақаи озоди тиҷоратӣ бимонанд ва худро ба оғӯши Иттиҳоди гумрукӣ наандозанд, зеро дар шароити тиҷорати озод рақобати солим ба вуҷуд меояд, нархҳо поин ва кайфияти колоҳои тавлидотӣ боло меравад. Ин коршиносон қаламрави озоди тиҷоратиро барои ҳамкориҳои байналмиллалии ин кишварҳо амнтар медонанд ва мегӯянд, ҷалби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин иттиҳод ба наҳве иҷрои ҳадафҳои сисёсии Русия дар минтақа хоҳад буд.

Ҳамзамон оқои Тайжан аз қавли вазирони ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, ки бо гузашти се сол аз узвияти Қазоқистон дар ин иттиҳод ширкатҳои бузурги Русия ба демпинги ширкатҳои қазоқӣ машғуланд ва ҳоло колоҳои тавлидотии Қазоқистон дар бозорҳои дохилӣ тадриҷан харидори худро аз даст медиҳанд. Чунин равиш мумкин аст ширкатҳои маҳаллиро муфлис кунад.

Дар сурати вуруди Тоҷикистону Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ чунин сарнавишт ба сари тавлидкунандагони дохилии ин кишварҳо низ хоҳад омад. Ин кор шабеҳи он аст, ки ба майдони паҳлавонӣ як кӯдак ва як марди бузургҷуссаро ба мусобиқа бихоҳӣ ва ба онҳо бигӯӣ, ки дар рақобат баробариро риоят кунанд.

Русияву Беларус ва Қазоқистон моҳи октябри соли 2007 дар бораи ташкили Иттиҳоди гумрукӣ ба тавофуқ расида буданд ва ин иттиҳод моҳи июли соли 2010 ба фаъолият оғоз кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG