Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурони FBI як ҷавони чеченро куштаанд


FBI ва ё Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико мегӯяд, як ҷавони чеченро, ки зимни бозпурсӣ дар бораи бомбгузории Бостон зӯриву муқовимат кардааст, куштаанд. Ин ҷавонро Иброҳим Тодашев муаррифӣ кардаанд. Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Орландо дар аёлати Флорида ба вуқӯъ пайвастааст ва зимни он як маъмури FBI ҷароҳати сабук бардоштааст. Расонаҳои маҳаллӣ дар Орландо мегӯянд, мумкин аст, Иброҳим Тудашев ошнои Темурлан Тсарнаев, муттаҳам ба бомбгузории маргбор дар шаҳри Бостон бошад, ки ӯро чаҳор рӯз баъд аз ин бомбгузорӣ зимни муқовимат ба маъмурони пулис куштанд. Ҷавҳар Тсарнаев муттаҳами дигар ба бомбгузориро дастгир карданд. Дар ҳамлаҳои рӯзи 15 апрел дар дави марафонии Бостон 3 нафар кушта ва 260 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG