Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Губернатори Киров аз Навалний ҳимоят кард


Никита Белих, губернатори вилояти Кирови Русия, иттиҳоми дуздӣ алайҳи Алексей Навалний як пешвои мухолифони давлати Русияро беасос хонда ва аз ӯ ҳимоят кардааст. Додситонҳо Алексей Навалнийро, ки соли 2009 ба ҳайси дастёри губернатори вилоят кор мекард, ба дуздии 510 ҳазор доллар аз муассисаи ҷангалпарварии “Кировлес” муттаҳам мекунанд. Дар мурофиаи додгоҳӣ дар шаҳри Киров, Никита Белих гуфтааст, Навалний ҳеҷ гуна ҳаққи дахолат ба фаъолияти ширкатҳои маҳаллиро надоштааст. Ба гуфтаи губернатори Киров, ӯ ҳеҷ гоҳ доир ба дуздӣ аз муассисаи “Кировлес” чизе нашунидааст. Вакилони дифоъи Навалний мегӯянд, парвандаи алайҳи ин блогнависи рус ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG