Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Равшан” бар “Хайр” дар меҳмонӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.


Маъруф Рустамов
Маъруф Рустамов
Ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шоми 22-юми май дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат барпо гардид. Тӯбро ҳамлагари меҳмонон Дэвид Мауто, легионери африқоии “Равшан” аз Гана, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 64-ум ба ҳадаф расонд.

Ҳамакнун дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Равшан”, ки дар ҳамаи 6 бозиаш пирӯз шудааст, бо 18 имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 12-2) дар ҷойи дувум ва тими "Хайр" бо 8 имтиёз (6-6) дар зинаи шашум қарор доранд.

Рақибони аслии “Равшан” барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон - “Истиқлол”-и Душанбе бо 18 имтиёз (20-4) дар ҷойи аввал ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 13 имтиёз (11-7) дар ҷойи севум мебошанд.

Маъруф Рустамов, сармураббии “Равшан”, пас аз пирӯзии дастааш бар тими “Хайр” дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар ин бозӣ мухлисони ҳарду даста зиёд буданд ва ин бозӣ барои мо муҳимтарин буд. Мақсади мо танҳо ғалаба буд. Бозӣ хеле вазнин гузашт. Албатта ҳарду даста мехост, ки дар назди мухлисонаш бозии хуб нишон диҳад. Мо дар қисми аввал, 20 дақиқа хуб бозӣ кардем. Вале баъдан он бозие, ки мо мехостем дастаҳо нишон надоданд. Дар қисми дуюм бачаҳо бисёр кӯшиш карданд, ки ба дарвозаи “Хайр” гол зананд. Ин кор ба мо дар дақиқаи 64-ум муяссар шуд. Голи ягонаро легионери мо Дэвид Мауто зад. Мо имсол ҳам аз аввали чемпионат як мақсад дорем: қаҳрамони Тоҷикистон шудан ва кӯшиш мекунем, боз чемпиони Тоҷикистон шавем.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00
Линки мустақим

“Истиқлол” дар даври 8-уми мусобиқот рӯзи 25-уми май дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар бо ССКА “Помир”-и Душанбе рақобат мекунад.

Дарвоқеъ, бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Точикистон бинобар гузаронидани бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 4-уми июн дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ду бозии мусобиқаи қаҳрамонии кишварро бо иштироки «Истиқлол» ба муҳлати пештар гузарондааст:
бозии № 39 «Истиқлол» - ССКА «Помир» - аз 26-ум ба 25-уми май,
бозии № 44 «Хуҷанд» - «Истиқлол» - аз 2-юми июн ба 29-уми май дар Душанбе.

Бо розигии тарафайн бозии «Хуҷанд» - «Истиқлол» дар Душанбе ва бозии давраи дувум миёни ин дастаҳо дар Хуҷанд баргузор мешавад.

“Регар-ТадАЗ” 25-уми май дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бо тими “Энергетик” рӯбарӯ мешавад. Инчунин рӯзи шанбе дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа бозии дигари даври 8-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Вахш” ва “Истаравшан”-и Истаравшан барпо мегардад. Дар бозии охирини даври 8-ум рӯзи якшанбе дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бо тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров қувваозмоӣ хоҳад кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Бозии мавқуфгузоштаи даври 1-ум

22-юми май, чоршанбе.
«ХАЙР» - «РАВШАН» - 0:1. Гол: Дэвид Мауто, 64.
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Бозиҳои даври 8-ум

25-уми май, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.00
«ВАХШ» - «ИСТАРАВШАН». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

«ИСТИҚЛОЛ» - ССКА «ПОМИР». Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

26-уми май, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.00

«ХАЙР» - «ПАРВОЗ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 6 6 0 0 20-4 18
2. «Равшан» (Кӯлоб) 6 6 0 0 12-2 18
3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 4 1 1 11-7 13
4. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 3 1 3 5-8 10
5. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 6 2 2 2 5-4 8
6. "Хайр" (Ваҳдат) 6 2 2 2 6-6 8
7. ССКА «Помир» (Душанбе) 6 1 3 2 4-3 6
8. «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
9. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 7 1 2 4 3-8 5
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 6 0 2 4 3-10 2
11. «Панҷшер» (Румӣ) 6 0 1 5 5-19 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Юҷин Сепуйя («Истиқлол»), Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG