Пайвандҳои дастрасӣ

Муроҷиати Билл Гейтс ба ҷаласаи БИР дар Душанбе


Билл Гейтс, муассиси ширкати "Майкрософт" ва сарватманди маъруфи амрикоӣ, дар муроҷиати видеоие ба ҳозирони нишасти Бонки Исломии Рушд дар Душанбе аз хидмати ин бонк барои кишварҳои исломӣ ситоиш кардааст. Билл Гейтс, дар як паёми сабтшудаи видеоӣ гуфтааст, “беҳдошт ва кишоварзӣ маҳаки аслӣ барои берун кашидани мардум аз фақр” аст ва шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд инро хуб мефаҳманд.” Билл Гейтс ҳамчунин аз ҳамкории бонки мазкур бо Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс ибрози қадрдонӣ кардааст, ки ҳарду барои аз байн бурдани бемории фалаҷи атфол талош меварзанд. Бонки Исломии Рушд дар гузашта ба бунёди ин тоҷири саховатманди амрикоӣ барои иҷрои барномаҳои беҳдоштӣ садҳо миллион доллар кӯмак кардааст. Нишасти шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд рӯзи чаҳоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон ба поён расид.
XS
SM
MD
LG