Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо минтақаҳои офшориро баррасӣ мекунад


Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар нишасте дар шаҳри Брюссел, масъалаи мубориза бо сарпечӣ аз пардохти молиёт ва роҳҳои ҷамъоварии молиёти бештар аз он ҳисобро баррасӣ мекунанд. Гузоришҳои тоза ҳокист, ки солона пулҳои зиёде бе пардохти молиёт дар манотиқи оффшорӣ мераванд. Аз ҷумла муассисаи имдодии ОКСФАМ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки ширкату афроди сарватманд танҳо дар манотиқи офшории Иттиҳодияи Аврупо 12 триллион доллар пинҳон кардаанд. ОКСФАМ аз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки феҳрасти сиёҳи манотиқи офшориро таҳия кунанд.
XS
SM
MD
LG