Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори Озодӣ дар Остонаро раҳо карданд


Мақомоти интизомии Қазоқистон хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодиро, ки бо гурӯҳе аз тазоҳургарон дар шаҳри Остона дастгир шуд, баъди чанд соат раҳо кардаанд. Оркен Жоямергенро ҳамроҳ бо тазоҳургароне боздошт карданд, ки сиёсати молии бонкҳо нисбат ба худро ноодилона медоданд. Онҳо ба нишони эътироз дар назди қароргоҳи ҳукумат ва порлумони Қазоқистон дар шаҳри Остона ҷамъ омада буданд. Тазоҳургарон мегӯянд, бонкҳо аз онҳо барои қарзи хона суди беш аз ҳад меситонанд, ё хонаҳояшонро мегиранд ва аз ин рӯ аз ҳукумат хостаанд, ки ба ин масъала расидагӣ кунад. Ин афроди норозӣ рӯзи чаҳоршанбе барои идомаи тазоҳурот ба маркази Остона баргаштаанд, вале дар роҳ маъмурони пулис монеъи онҳо шуда ва баъзеашонро боздошт карда ва бо автобус ба идораи пулис бурдаанд.
XS
SM
MD
LG