Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии таэквон-до (ИТФ)-и Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе хотима ёфт.

Дар ин мусобиқа, ки дар Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ду рӯз идома кард, 250 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат карданд.





Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до (ИТФ) ва кикбоксинги Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуда буд. Бояд гуфт, ки барои аввалин бор дар он 82 духтар аз ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ иштирок карданд. Дар ин мусобиқа ҳамоҳангсози доимии Созмони милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат дошт. Аз рӯи натиҷагирии Мирсаид Яҳёев (аз рост аввал) ва Александр Зуев (дар байн)

Мирсаид Яҳёев (аз рост аввал) ва Александр Зуев (дар байн)

мусобиқа ҳайати дастаи мунтахаби кишвар муайян шуд, ки аз 15-ум то 21-уми июл дар мусобиқаи XVIII қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до дар Софияи Булғористон ширкат хоҳад кард. “

Варзишгарон барои 32 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби шаҳри Душанбе мақоми аввалро касб кард. Дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ ҷойи дувум ва мунтахаби вилояти Суғд ҷойи севумро гирифтанд.

Ғолибони сабқати писарони 13-16-сола: то 35 кг - Назаров Баҳром, то 40 кг - Халифаев Маҳмуд, то 44 кг - Раҷабалиев Фозил, то 46 кг - Каримов Беҳрӯз, то 51 кг - Одинаев Илҳом, то 57 кг - Муродзода Муҳаммадшариф, то 63 кг - Зарифов Сӯҳроб, + 63 кг - Дадабоев Назир.




Ғолибони сабқати наврасони 17-сола: то 51 кг - Ҳасани Ҳакимӣ, то 57 кг - Аҳмадов Алишер, то 64 кг - Шарифӣ Фарҳод, то 71 кг - Бобоҷонов Шаҳбоз, то 78 кг - Наимов Муҳаммад, + 78 кг - Бозоров Ҷамшед.

Ғолибони сабқати духтарони 13-16-сола: то 35 кг - Султонназарова Мадина, то 40 кг -Қосимова Гулноза, то 44 кг - Бобомуродова Қизлархон, то 46 кг - Муҳаббатшоева Озода, то 50 кг - Содиқова Элина, то 52 кг - Набиева Ширин, то 58 кг - Шамаева Озода, + 58 кг -
Ғанизода Азиза.

Ғолибони сабқати духтарони 17-сола: то 45 кг - Холова Фотима, то 51 кг - Холова Фотима, то 57 кг - Ҳабибуллоева Ганҷина, то 63 кг - Собиршоева Омина, + 63 кг - Ашӯрова Шоира.

Ғолибони мусобиқа оид ба машқҳои маҷмуӣ : байни писарони 13 – 16-сола, камарбанди сиёҳ - Одинаев Илҳом, байни писарони 17-сола, камарбанди сиёҳ - Наимов Муҳамммад, байни духтарони 13 – 16-сола, камарбанди сиёҳ -Мутиева Мария, байни духтарони 17-сола, камарбанди сиёҳ - Ҳабибуллоева Ганҷина.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG