Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия: "Ҷиноятҳои муҳоҷирон зиёд шудааст"


Мақомоти Русия гуфтаанд, ки мизони ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон дар ин кишвар ба 42% расид. Ин рақам дар як ҷаласаи идораҳо дар ҳузури шаҳрдори Маскав Сергей Собянин эълон шуд. Ба гуфтаи хабаргузориҳои Русия, раиси пулиси Маскав Олег Баранов дар ин ҷаласа гуфтааст, ки муҳоҷирони корӣ аз Узбакистон, Молдова ва Тоҷикистон дар содир кардани ҷиноят пешсаф будаанд. Ба гуфтаи Константин Ромодановский, раиси Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия “ин вазъият, ки муҳоҷирони корӣ қонунҳои Русияро риоя намекунанд ва бо шеваи хоси худ дар Маскав зиндагӣ мекунанд, қобили қабул нест ва сокинонро нороҳат мекунад.” Дар ин нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки ҳар ҷинояти панҷумро муҳоҷирон содир мекардаанд. Ромодановский гуфтааст, ки акнун барои назорати бештари мавҷи муҳоҷирон дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва ва фурудгоҳҳо постҳои алоҳида таъсис хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG