Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии ҷиноҳи Нарзиев ба як анҷумани фавқуллода


Мирҳусайн Назриев
Мирҳусайн Назриев

Мирҳусейн Назриев, раиси ҷиноҳи ғайрирасмии ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, мегӯяд, ӯву тарафдоронаш қасд доранд, тобистони ҳамин сол анҷумани фавқулодаи ҳизбро баргузор кунанд.

Мирҳусейн Назриев ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски ҷиноҳи сабтиномшудаи ҳизб, ки ба гуфтаи ӯ, “ҳукумат таъсис додааст”, фаъолият намекунад ва тақрибан вуҷуд надорад, онҳо тасмим гирифтанд, ки анҷумани фавқулодаро охири моҳи июл ва ё аввали август баргузор карда ва ҳизби воқеъиро эҳё кунанд: “Ҳизбро ҳукумат хост, ки ба ҳадди нестӣ барад ва он гурӯҳе, ки худи ҳукумат таъсис дод, умуман фаъолият намекунад. Барои ҳамин мо мехоҳем анҷумани фавқуллода баргузор карда, он обрӯву эътиборе, ки ҳизб пештар дошт, бахусус дар давраи Сафаралӣ Кенҷаев, ҳамон обрӯро бозгардонем.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
Линки мустақим


Мирҳусейн Назриев афзуд, фаъолияти ҷиноҳи расмии ҳизби сотсиалист дар минтақаҳои гуногуни кишвар аслан мушоҳида намешавад, чун аъзои ҳизб аз раҳбаре, ки ҳукумат бар сарашон бор кардааст, хаста ва ноумед шудаанд:
“Дар вилояти Хатлон як хонум Дилбар Самадова буд, вай аслан худаш узви ҳизби халқии демократӣ буд, ӯро танҳо ба хотири онки ҳизби моро ғасб карданд, барои муваққат раиси ҳизб дар вилояти Хатлон эълон карданд. Вале ӯ хаста шуд, чунки дид, аз он раисе, ки ҳукумат оварда, барои онҳо эълон кард, ягон ҷунбише, ягон фоидае нест. Бинобар ин худи аъзо ва умуман шӯъбаи ҳизб дар онҷо дигар умуман вуҷуд надорад. Вазъ дар дигар минтақаҳои кишвар айнан ҳамин аст.“

Аммо, гуфт Мирҳусейн Назриев, дар ҷиноҳи расмии ҳизби сотсиалист афроди солимфикр ҳастанд, ки борҳо бо ӯ мулоқот карда ва гуфтаанд, ки мехоҳанд, бо ҷиноҳи ғайрирасмии ҳизб ҳамкорӣ кунанд ва ё бо он муттаҳид шаванд. Аз ин рӯ онҳо тасмим гирифтаанд, ки бо дасти додани имкон охири моҳи июл ва ё аввали август, анҷумани фавқуллодаи ҳизбро баргузор намоянд ва роҳҳои фаъол кардани ҳизбро баррасӣ кунанд.

Тақрибан 8 соли пеш, дар ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, як ҳизби мухолифи давлат, ихтилофе сар зад, ки онро кори дасти ҳукумати Тоҷикистон медонанд. Баъди ин ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Мирҳусейн Назриев ва дувумиро Абдуҳалим Ғаффоров раҳбарӣ мекард. Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи Ғаффоровро сабти ном кард.

Мирҳусейн Назриев, ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба унвони Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал аз рӯи ҳукми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал номаи шикоятӣ фиристодаанд, вале ин ниҳод даъвои онҳоро дар мавриди поймол шудани ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании онҳо аз тарафи ҳукумат рад кардааст. Ҷиноҳи ғайрирасмии ҳизби сотсиалист аз ҷумла ба ду ҷиноҳ тақсим кардани ҳизби онҳоро кори дасти ҳукумат хонда буд. Ҳизби сотсиалист солҳои 90 бо ибтикори Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои Олии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кенҷаев соли 1998 кушта шуд.
XS
SM
MD
LG